Фаьолияти таьлимӣ

Дар кафедра лексияҳо ва машғулятҳои барномаҳои тасдиқшудаи Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсҳои 5-уми факултаи тиббӣ, курсҳои 4-уми факултаи стоматологӣ ва курсҳои 6-уми НТҶ курси 6 уми факултети педиатрӣ гузаронида мешавад.Дар кафедра барномаҳои дахлдор барои тадриси донишҷӯёни курсҳои 4-6, инчунин, барномаҳои корӣ барои ординаторони клиникӣ таҳия шудааст. Мувофиқи талаботи барномаҳои мазкур барномаҳои таълимӣ ва нақшаи даврии машғулиятҳо сохта шуданд.
Фаъолияти амали
Кафедра ба муассисаҳои нигоҳдории тандурустии ҷумҳурӣ (Қурғонтеппа, Кӯлоб, вилояти Суғд) ёрии шефӣ-машваратӣ мерасонид ва ин кор то имрӯз идома дорад. Кормандони кафедра ҳамасола дар амалияи нигоҳдории тандурустии кишвар усулҳои нави ташхису табобати бемории сил (усулҳои навтарини дарёфти бемории сил,Genxpert.Hain test,ТМР, КТ ва дигарҳо татбиқ менамоянд. Инчунин кафедра дар Ҷумҳури маркази таълимӣ-методи оид ба ҷарроҳии узвҳои қафаси сина ба шумор меравад, ки барои ординатураи ҷарроҳон курсҳо мегузаранд (42 соат). Кафедра ташкилкунандаи як зумра конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба ҳисоб меравад.Кормандони он иштирокчиёни аксари конференсияҳои байналмилалӣ оид ба табобати бемории шакли мутобиқгаштаи силӣ ва шакли васеи мутобиқгаштаи силӣ мебошанд.
06.03.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: