Савганд
Тавре ки мову шумо медонем рӯзи 30-уми октябри соли 2020 дар саросари мамлакат тариқи шабакаҳои телевизионӣ маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман намоиш дода шуд. Дар толори “Сино”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” омӯзгорони кафедраи физиологияи патологӣ ва донишҷӯёни курси сеюм аз ин гузориши мустақими телевизионии маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд шуданд. Аз тамошои ин рӯйдоди таърихӣ ҷамъомадагон бо ҳисси ифтихор аз Сарвари Ватани хеш неруи тоза гирифтанд.
Кафедраи физиологияи патологӣ