Суруди миллӣ

Суруди миллӣ
Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ пеш аз оғози дарс тамоми донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра дар толори №1-уми бинои нави донишгоҳ барои ироаи Суруди миллӣ омода буданд. Сипас мудири кафедра, профессор Д.С.Шерматов баромад намуда, иқдоми пешгирифтаи ВМКБ-ро устодону донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» низ ҷонибдорӣ намуда, ҳамагонро аз ин муқадассоти миллӣ ёдовари намуданд.
Пас Суруди миллӣ ба таври зинда ҳамроҳ бо омӯзгорон ва донишҷӯён қироат карда шуд. Донишҷӯён бо як табъи баланд ва бо эҳтиром суруданд.
Ҳар субҳу дили шаб, дар ҳар як мавриди мутантан, дар ҷашнвораҳо, дар иду маросимҳо ва дар 17 мавриди муқараргардидаи «Низомнома Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо савту танини мутантан, бо ифтихору сарфарозӣ Суруди миллӣ бо матлаъи қутсӣ «Диёри арҷманди мо …» ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, ҳамчун нишони кишвари соҳибихтиёр, ҳамчун рукни муқаддаси миллӣ, ҳамчун муаррифномаи мамлакати мустақил, ҳамчун рукни муқаддасот ва ифтихору эътибори тоҷикистониён танинандоз гардида башорат аз нияту ормонҳои халқу миллат ва диёри кӯҳсорон - Тоҷикистони азиз ба тамоми ҷаҳону ҷаҳониён мерасонанд.
Эҳтироми воло ва донистани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар аст.
Кафедра дастгирии ин иқдомро тарафдорӣ намуда, минбаъд пеш аз оғози дарс ба хондани Суруди миллӣ ба дарс шурӯъ менамоянд.
Мудири кафедра, профессор Д.С.Шерматов
Саркуратор С.К.Сафаров
Суруди миллӣ
Суруди миллӣ
Суруди миллӣ
23.12.2019     513

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php