Бахшида ба рӯзи модарон дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ семинар бо иштироки гурӯҳҳои кураторӣ гузаронида шуд. Мудири кафедра профессор Шерматов Д.С. ва саркуратор Сафаров С.К., дар бораи гиромидошт ва қадршиносии зан-модар, модар хамчун сарчашмаи зиндагӣ, мавқеи зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кор ва фаъолияти занон ва духтарон суханронӣ намуда бо фарорасии баҳор ва иди модарону бонувон ҳамагонро табрик намуд. Сипас донишҷӯён Тиллоев Осим курси 1-ум гуруҳи 29, Мирзоев Фаридун курси 1-ум гуруҳи 7, Муҳаббатова Файзигул курси 1-ум гуруҳи 7, Қурбонов Эҳсон курси 1-ум гуруҳи 7 ва Зеваршои Саидшо курси 1-ум гуруҳи 6-уми факултети тиббӣ дар бораи зан, модар шеърҳо қироат намуда, таманниётҳои худро нисбати модарон иброз намуданд.