Бемории коронавирус ва оқибатҳои нохуши он

Бемории коронавирус ва оқибатҳои нохуши он

Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳи 3-и тиббӣ, ки таҳти роҳбарии Хоҷаев Баҳром қарор дорад, дарси тарбиявӣ дар бораи бемории коронавирус ва окқибаптҳои нохуши он шуда гузашт.

Дар рафти дарси тарбиявӣ омӯзгор Хоҷаев Б. ва донишҷӯён дар бораи чӣ тавр аз одам ба одам тавассути тамос гузаштани беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он сухан ронда, дар бораи хатарҳои ногувори он баромад карданд. Донишҷӯй Қозиева Д.Х. дар баромади худ иброз дошт, ки ин беморӣ аввалин бор дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд. Баъдан тавассути одамон ба мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шуда, ҷомеаи имрӯзро ба таҳлука афкандааст. Мо ҳамчун шаҳрванд вазифадорем, ки ба таҳлука наафтида роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро риоя намоем, то худ ва дигаронро аз бемории коронавирус наҷот диҳем.

Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ

бо асосҳои технологияи иттилоотӣ    -   Хоҷаев Б.М.

05.10.2020     19

Гузариш ба саҳифаи: