Ҳамоиши илмӣ дар китобхонаи миллӣ

Рӯзҳои 10-11-уми октябри соли љорӣ дар Китобхонаи миллӣ IX Конгресси педиатрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Кӯдак ва љомеа: мушкилотҳои саломатӣ, инкишоф ва ғизо» дар мавзӯи «Ташаккули солимии кӯдакон дар шароити тибби муосир» ва инчунин III-мин Форуми ғизо дар мавзӯи «Ғизои солим – дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030» барпо гардид. Дар ин Конгресс мудири кафедраи фармакология ва якчанд устодон иштирок намуданд.
Дар Конгресс оиди мавзӯъҳои мубрами педиатрия, яъне ташаккулёбии кудакон, камхунӣ дар кӯдакон, муолиљаи бемориҳои неврологӣ (эпилепсия, аутизм), бемориҳои узви таносул, роҳҳои нафас дар кӯдакон ва муолиљаи он, хусусияти ғизои кӯдакони гирифтори диабети қанд ва ғайраҳо баромадҳои хеле пурмазмун шунида шуд.
21.10.2019     369

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php