Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд
Раис: мудири кафедраи эндокринологияи МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна.
Шахси мутасадӣ: профессори кафедраи эндокринологияи МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, д.и.т. Анварова Шакарҷон Саидаромовна.
Мавзӯъ: Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд.
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии диабети қанд, ки ҳамасола 14 ноябр дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд, дар кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯал ибни Сино низ ҷашни ин идро дошт.
Иштирок доштанд: Сармутахассиси воҳидӣ ҶТ оид ба эндокринология, н.и.т Қосимова С.Ҷ., мутахассиси пешбарӣ Раёсати тандурустии ш.Душанбе Сафиева З.А., директори МҶКЭ Тағоев Т.С., директори МЭШ Махмадов А.Ш. ва кормандони маркази эндокринологияи шаҳрӣ ва эндокринологҳои ш. Душанбе, директори ширкати «Ҳаёт барои кӯдакон» (Life for a child) хоум Лорен, мудир ва кормандони шӯъбаи эндокринологияи калонсолон, мудир ва кормандони шӯъбаи эндокринологияи хурдсолон, професори кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т. Анварова Шакарҷон Саидоромовна, мудири кафедраи эндокринология, н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна, дотсентони кафедра: н.и.т. Ҷураева С. Д. ва н.и.т. Иноятова Н. А., омӯзгорони кафедра: – Исаков А. Ҷ, Носырова Б. С., Юлдошева М. У., ординаторҳои клиникӣ, интернаҳои кафедраю шӯъба ва инчунин донишҷӯёни курси 4 – уми факултаи триббии гурӯҳҳои 27 – 32.
Бо суханони табрикотӣ баромад намуданд:
• Анварова Ш. С. – профессори кафедраи эндокринолог, д.и.т.
• Маҳмадов А. Ш. – директори маркази эндокринологияи шаҳрӣ ш. Душанбе.
• Хонум Лорен – директори ширкати «Ҳаёт барои кӯдакон» (Life for a child).
Дар ин ҷаласа маърӯзаҳо оид ба проблемаҳои бемории диабети қанд бо усули слайд – презентатсияҳо баррасӣ карда шуд:
• «Фарбеҳӣ – проблемаи асосии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XXI» – маърӯзачӣ ординатори клиникӣ Наҷмуддинов Ҷумабег.
• «Диабети гестатсионӣ» – маърӯзачӣ ординатори клиникӣ Ҷабборова Меҳроба..
• «Нефропатияи диабетӣ» - мутахассис – нефролог Содиқов А.
Семинар бо баҳсу мусоҳибатҳо анҷом ёфт. Инчунин барои кудакони мубталои бемории диабети қанди навъи 1 ҷашни саҳарӣ бо шеъру сурудҳо, викторинаҳо ва дондани тӯфҳо гузаронида шуд.
МУАЙЯН КАРДАНИ САТҲУ СИФАТИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ХАТТӢ
МУАЙЯН КАРДАНИ САТҲУ СИФАТИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ХАТТӢ
МУАЙЯН КАРДАНИ САТҲУ СИФАТИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ХАТТӢ
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилаллии диабети қанд
18.11.2019     235

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php