«Бахшида ба 80 – солагии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

Санаи 29.10.2019 дар кафедраи эндокринологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” чорабинӣ «Бахшида ба 80 – солагии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” барузор гардид. Дар аввал мудири кафедра н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна чорабиниро оғоз гардонид. Якчанд сухан оиди таърихи ДДТТ сухан ронда шуд. Қайд карда шуд, ки мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Донишгоҳ соли 1939 дар ш. Сталинобод таъсис ёфта буд. Номгузории аввалааш Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Дар ин сол ба донишкада 130 донишҷӯ қабул шуда буданд. Ба донишҷӯён асосан омӯзгорони рус таълим медоданд ва солҳои аввал шумораи донишҷӯёни тоҷик хеле кам буд. Соли 1943 назди ДДТТ аспирантура ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 1949 ординатураи клиникӣ кушода шуд ва мӯҳлати таҳсил дар донишкада 6 соли таҳсилро дарбар мегирифт. Ҳамин сол аввалин олими тоҷик дар соҳаи тибб Яҳё Абдуллоевич Раҳимов бо мувваффақият рисолаи номзади илмҳои тибро дифоъ намудааст. Я.А. Раҳимов солҳои 1950-1957 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Аз соли 1993 номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифтааст. Соли 2008 Ассамблеяи бизнеси Аврупои (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) барои фаъолияти назарраси касбии профессорону омӯзгорон дар соҳаи таҳсилот ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷоизаи байналмилалии «Сифати Аврупои» («Европейское качество») супоридааст.
Дар чорабинӣ низ донишҷӯён фаъолона иштирок карданд. Донишҷӯйи курси 4 – и факултаи тиббии гурӯҳи 45 Ахмедова Нигина Рустамҷоновна бо воситаи слайд презентатсия баромад кард. Дар охир мудири кафедра хамаи омӯзгорон, донишҷӯён, ординаторҳои клиникӣ ва интернаҳоробо 80 солагии донишгоҳ табрик кард.
Мудири кафедраи эндокринология, н.и.т. Ниязова Н.Ф.
Ассистенти масъул оид ба тарбия Исаков А.Ҷ.
04.11.2019     123

Гузариш ба саҳифаи: