Қадри Устод бидон
Дар кафедраи эндокринологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки профессори кафедра – Анварова Ш. С., мудири кафедра – Ниязова Н. Ф., дотсентони кафедра – Ҷӯраева С. Д., Иноятова Н. А., омӯзгорон – Пирматова М. А., Исаков А. Ҷ., Носирова Б. С., Юлдошева М. У., ординаторҳои клиникӣ, интернҳои кафедравӣ ва донишҷӯёни курси 4–уми факултаи тиббӣ гурӯҳҳои 66 – 70 дар мавзӯи «Қадри Устод бидон» чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна оғоз кард.
Донишҷӯи курси 4–уми гурӯҳи 68 Давлатзода Дилнозаи Саидраҳмон бо воситаи слайд–презентатсия баромади худро ба диққати ҳамагон расонид.
Қайд кардан зарур аст, ки маърӯза хеле пурмуҳтавову ҷолиб тайёр карда шуда, дар боби қадри омӯзгор ва сипосгузор будан ба устод шогирдонро ҳидоят мекунад.
Мудири кафедраи эндокринология н.и.т. - Ниязова Н.Ф.
Ассистенти кафедраи эндокринология - Исаков А. Ҷ.