Омӯзиши асари Пешвои миллат «Уфуқҳои Истиқлол»

Омӯзиши асари Пешвои миллат «Уфуқҳои Истиқлол»
1-ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯзаи «Омӯзиши асари Пешвои миллат “Уфуқҳои Истиқлол” » дар ҳалқаи кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 4 факултети тиббӣ зери роҳбарии ассистенти кафедра Зоирова Н.П. баргузор гардид.
Баромадкунанда донишҷӯи курси 4 гурӯҳи – 6 Ҷураева Дилноза дар маърӯзаи худ қайд кард, ки Китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол ” аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст, ки соли 2018 аз чоп бароварда шуд. Баъдан оиди ҳар як боби асари мазкур маълумот дода, диққати асосиро ба қисмати 3-юми боби 3, ки ба соҳаи тандурустӣ бахшида шудааст дод, ки “миллати солим – сарвати давлат аст” ном дорад.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2010-2020” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ин соҳа бо дастгирии давлат як қатор қонуну барнома ва санадҳои муҳим таҳия ва қабул гариданд. Яке аз онҳо “Нақшаи стратегии азнавсозии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 ” мебошад, ки дар ин давра барои хизматрасонии тиббӣ беш аз 1000 муассисаҳои тандурустии нав дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо сохта ва ба истифода дода шуд. Мисоли онҳо Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Муаасисаи давлатии беморхонаи клиникии бемориҳои пӯст (14 августи соли 2018), “Муассисаи давлатии маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”, бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар назди Шаҳраки шифобахш, Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ш.Данғара мебошанд.
Дар охирсухани китоб Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин мегӯянд: “Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва ҶумҳурииТоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта дар ин марҳала низ мушкилиҳои зиёд ба миён меояд, вале бо вуҷуди ин мо тамои шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯи рушди устувор дорем муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳилаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем ”
Мудири кафедра д.и.т. Мухамадиева К. М.
Мутассадӣ оиди корҳои Зоирова Н. П. тарбиявӣ-фарҳангӣ
04.11.2019     1399

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php