Одоби муошират - ҷузъи муҳимми рафтори инсон

Одоби муошират - ҷузъи муҳимми рафтори инсон

Дар кафедраи дерматовенерология дар мавзӯи «Одоби сухан» мубоҳиса бо иштироки васеи устодон ва донишҷуён зери роҳбарии дотсенти кафедра Ҳусайнов Абдураззоқ баргузор гардид.

Дар он донишҷӯ Ҳайдарова Манижа суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бузургону адибони тоҷик ва ҷаҳон дар бораи қадру манзалати сухан ва одоби сухан гуфтан таъкидҳои зиёде кардаанд. Ӯ зикр кард, ки маҳз сухан дилҳоро ба ҳамдигар наздик мекунад ва дурии байни инсонҳоро аз миён бармедорад. Дар рафти андешаронӣ ӯ аз ашъори шоирони классики форсу тоҷик шеърҳо қироат намуд.

Дар охир Ҳайдарова Манижа ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод кард.

                                                                                     А.А. Ҳусайнов, н.и.т, дотсенти кафедра

28.02.2019     31

Гузариш ба саҳифаи: