Дар арафаи Интихобот

Дар тӯли таърих ҳар давлату миллатеро зарур меомад, ки роҳбари арзанда ва пешвои муносиберо ба худ интихоб намояд, зеро нақши пешво ё роҳбар дар пешбурди рушди давлатдорӣ нақши муҳимро мебозад. Ҳар кишвар кӯшиш менамуд пешвои арзандаеро интихоб намояд, то дар пешбурди давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисорона хизмат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза, рӯз ба рӯз, дар пеши назари мардум, шарик бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи хешро ба таври табиӣ дарёфта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав имзо карда шуд. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ин ватану миллат ба воя расида, бо дастгирии мардум ба ин мартаба. Маҳз дастгирии мардум буд, ки ӯ ба як чеҳраи сиёсӣ ва як шахсияти воқеан табиӣ барои миллати тоҷик, чун Президенти мардумӣ сазовор гарданд. Барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро зарур омад то роҳи пурпечутоб, пур аз мушкилот, пур аз хатарро тай намуда, мақоми ифтихориро сазовор гардад. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё роҳбари ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа, яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ, таърихи давлатдории мо, яъне масъалаи роҳбари сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд.

Роҳи аввалини пурхатаре, ки ҳамчун роҳбари сиёсӣ тай менамуд, овардани истиқлоли сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Сиёсати дурусти пешгирифтаи ӯ истиқлоли сиёсиро фароҳам овард ва мардуми иҷборан гурезагаштаро ба ватани хеш баргардонд. Ватанро аз нестшавӣ наҷот дода, миллатро аз парокандашавӣ ҳифз намудаанд. Пас аз расидан ба ин ҳама дастовард, роҳбари сиёсӣ мақомоти конститутсиониро ҳифз ва барқарор намуд. Ин ҳама барқарорнамоӣ дар ин марҳалаҳо хеле душвор ва сангин буд, зеро ҳеҷ як барномаи тайёре барои давлат вуҷуд надошт.

Маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни бостонӣ, фарҳанги воло, таърихи беш аз чандин ҳазор сола мебошад. Эмомалӣ Раҳмон тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як узви баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ворид намояд. Имрӯз маҳз бо шарофати хизматҳои шоёни ӯ беш аз 192 кишвари дунё истиқлоли моро пазируфта, бо мо ҳамкориҳои хешро барқарор намудаанд.

Дар давоми соҳибистиқлолӣ, мо тавонистем аксари мушкилоти дар кишвар ҷойдоштаро ҳал намоем. Махсусан, се ҳадафи стратегие, ки барои кишвар аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардид, қариб пурра ҳал карда, ба амалӣ намудани ҳадафи чорум яъне “Саноатикунонии босуръат” пардохтаем. Соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои мазкур шароитеро фароҳам овард, ки кишвар дар як муддати начандон тулонӣ аз нигоҳи таърих даст ёбад. Имрӯзҳо ҳама мушкилоте, ки барои пайваст шудани роҳҳои кишвар монеа буданд, ҳалли хешро ёфтанд.

Бо бунёди як қатор неругоҳҳои хурду бузург мушкилоти неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, он ба як соҳаи даромадноки давлатӣ табдил ёфтааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳимми кишвар маҳсуб мешуд, ҳалли хешро пайдо намуда, имрӯз саросари хонадони тоҷик пур аз нозу неъмат аст. Инак, дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба ҳалли як зумра масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчун як узви комилҳФуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пардохта, саҳми хешро гузошта истодааст. Яке аз мушкилоти дигаре, ки кулли ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст, ин тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ дар ҳама гӯшаву канори сайёра мебошад, ки талабот ба он ҳамарӯза меафзояд.

Имрӯз мардуми Тоқикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари олӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд.

Дотсентҳои кафедраи дерматовенерология:

Усмонзода Х.Д.

Дадабаев Р.Д.

09.10.2020     11

Гузариш ба саҳифаи: