Ҷаласа оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ

Ҷаласа оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ
14 апрели соли 2020 дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаласа бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 2-и курси 4-уми факултети педиатрӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа донишҷӯи гурӯҳи 2, курси 4-уми факултети педиатрӣ Акбарии Фарзона дар мавзӯи “Сирояти COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он” маърӯза намуд. Ӯ дар маърӯзааш ҷиҳатҳои муҳими пешгирии сирояти мазкурро қайд намуда, таъкид намуд, ки бояд мо донишҷӯён-табибони оянда пеш аз ҳама худамон барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус талаботҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоем ва дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мардумро бо роҳҳои пешгирии ин беморӣ шинос намоем. Дар охири маърӯзааш Акбарии Фарзона ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.
Абдуллоева М.А. Бозоров С.С. ассистентони кафедраи дерматовенерология
17.04.2020     355

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php