Базаи клиникӣ ва кадрҳо

Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 (бо 50 кат: 40 кат барои шуъбаи калонсолон ва 10 кат барои шуъбаи хурдсолон) бароибеморони пӯст фаъолият мекунад. Беморхона дорои10 адад кати рӯзона (6-то барои калонсолон ва 4-то барои кӯдакон) аст. Дар пойгоҳи клиникии кафедра ташхисгоҳ фаъолият мекунад, ки дар он таҳлилҳои умумӣ, биокимиёвӣ ва серологии маводҳо гузаронида мешаванд. Инчунин ташхисгоҳи бемориҳои занбуруғӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, хуҷраи косметологӣ ваташхиси функсионалӣ вуҷуд доранд. Тамоми омӯзгорони кафедра фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ-машваратиро дар пойгоҳи ҳамин беморхона мегузаронанд. Муоина ва машварати беморонро ҳайати профессорону дотсентон мутобиқи ҷадвали тасдиқ шуда амалӣ мекунанд. Пойгоҳи клиникӣ барои гузаронидани фаъолияти таълимӣ ба кормандони кафедра 11 ҳуҷраи дарсӣ, як толори лексионӣ ва китобхонаи электронӣ ҷудо кардааст.
30.01.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: