Таҳлили истилоҳоти биологӣ бо забони тоҷикӣ

Таҳлили истилоҳоти биологӣ бо забони  тоҷикӣ

Рӯзи 12-уми октябри соли 2020 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика мизи мудавар   дар мавзӯъи ба «Таҳлили истилоҳоти биологӣ бо забони тоҷикӣ» шуда гузашт. Дар ин ҳамоиш мудири кафедра қайд намуд, ки айни замон  масъалаи ба забони илмӣ табдил додани забони давлатӣ талаботи замон мебошад. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии Чумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд.

Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамаи гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки айни замон дар кафедра ҳуҷатгузорӣ пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи омӯзгорон бо забони давлатӣ гуфтугу мекунанд. Дастуру китобҳои дарсӣ пурра бо забони тоҷикӣ барои ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо мерасанд. Мо ҳамагон бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ саҳмгузор бошем. 

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

17.10.2020     2

Гузариш ба саҳифаи: