Муҳокимаи тарзи гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ва дарсҳои лексионӣ

Дар давоми ҳафтаи рейтингии донишҷӯён, ки ҷуфти аввал онҳо рейтингҳои ҷамъбастӣ месупориданд, дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ҳамарӯза байни омӯзгорони кафедра муҳокимаи тарзи гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ва дарсҳои лексионӣ шуда гузашт. Дар инвақт аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба   истифодаи усулҳои муосири таълим ҳангоми хондани лексия ва дарсҳои амалӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон аз омӯзгорони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки аз ин усулҳои муосир ҳамаҷониба истифода баранд ва баҳри баланд гардидани сифати таълим дар кафедра саҳмгузор бошанд.  Дар охир бо қарори кафедра барои беҳтар гардидани кору фаъолияти омӯзгорони ҷавон   онҳо ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шуданд.   

Кафедраи  биологияи  тиббӣ  бо  асосҳои  генетика

17.10.2020     3

Гузариш ба саҳифаи: