Таърихи кафедра

Бахши бемориҳои сироятии кӯдакона ба барономаи таълимии донишҷӯён аз соли 1961 дар назди кафедраи педиатрияи госпиталӣ, ки ба он дотсент Л.В.Вайл ва ассистент С.Т.Фетисова асосгузорӣ менамуданд, дохил гардида шуд. Моҳи маи соли 1968 бо ташаббуси доктори илмҳои тиб, профессор З.Я.Абдуллохоҷаев дар базаи беморхонаи клиникии шаҳри №2 (ҳозира Маркази тиббии шаҳрӣ) воҳиди мустақилонаи донишгоҳ кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ташкил карда шуд. Дар солҳои минбаъда ҳайати омӯзгории кафедра аз пизишкони пуртаҷриба мудирони шӯъбаҳои сироятӣ, ки дорои категорияҳои якум ва олии сироятпизишкӣ буданд, инчунин ах ҳисоби хатмкунандагони ординатураи клиникӣ ва аспирантура, зиёд карда шуданд. Баъзе аз омӯзгорон, ки ассистенти кафедра буданд, баъдан бо мақсади навиштани корҳои илмӣ дар аспирантураи рӯзона ва ғоибона таҳсил намуданд ( Мелниковская Е.В., Раҳматов Н.А., Скибо Р.М., Файзулоев Н.Ф., Бронштейн А.Я., Ходжаева Н.М. ва Саидмуродова Г.М.) Дар оғози солҳои 90-ум кафедра яке аз кафедраҳои калонтарини факултаи педиатрии донишгоҳамон ба шумор мерафт, дар ин давра зиёда аз 15 кормандон аз ҳисоби ҳайати профессорон ва омӯзгорон ва 6 кормандони ёрирасони таълим фаъолият менамуданд. Афсӯс, ки соли 1991 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ мудири кафедра, профессор Абдуллохоҷаев З.Я. аз олам гузаштанд, инчунин аз сабаби рӯй додани ҷанги шаҳрвандӣ, бештари кормандони кафедра ҳудуди Душанберо тарк намуданд.
28.01.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: