Забони тоҷикӣ - мероси модар

Забони  тоҷикӣ - мероси модар

Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бахшида ба мавзӯи «Забони тоҷикӣ - мероси модар» бо иштироки муаллимаи калони кафедра Фузайлова М.С., ассистентони кафедра Комилов И.А., Чонибеки Р.И., Умарова Г.А., Бобоева З.Р., Маҷонова М.Ҷ., Исоева М.Ф., ординатори клиникии соли дуюми таҳсили кафедра Абдурахимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ (гурӯҳҳои 42, 43, 46) миниконфронс баргузор шуд.

Сараввал ассистенти кафедра Маҷонова М.Ҷ. баромад намуда, афзуд ки забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддас аст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

Баъдан аз тарафи донишҷуи гурӯҳи 43-и курси 5 ФТ Қувватова Гулафзобону маърӯза дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ - мероси модар» (бо забони тоҷикӣ) ба аҳли нишастагон шунавонида шуд. 

Мудири кафедраи бемориҳои сироятии

кӯдакона н.и.т., дотсент   -   Саидмурадова Г. М. 

Мутасаддӣ оид ба тарбия   -   Бобоева З. Р.

09.10.2020     7

Гузариш ба саҳифаи: