Терроризм аз нигоҳи ҷавонон

Терроризм аз нигоҳи ҷавонон

Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки мудири кафедра дотсент, н.и.т., Саидмурадова Г.М., профессори фахрии донишгоҳ Рахматов Н.А., ассистентони кафедра Комилов И.А., Чонибеки Р.И., Умарова Г.А., Бобоева З.Р., Маҷонова М.Ҷ., Исоева М.Ф., Додова М., ординатори клиникии соли дуюми таҳсил дар кафедра Абдурахимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ гурӯҳҳои 52, 53, 54, 55 ва 56 бахшида ба мавзӯи «Терроризм ва экстремизм» миниконфронс гузаронида шуд.

Ассистенти кафедра Умарова Г.А. ҷамъомадро оғоз намуда, дар мавзӯи яке аз проблемаҳои муҳими ҷаҳони имрза- терроризм сухан ронд. Ӯ бо таъкид ба муҳимияти ин масъала ва худдории ҷавонон аз иртибот бо ҳар навъ гуруҳҳои иртиҷоӣ, изҳор дошт, ки ҷавонон бояд иродаи қавӣ дошта бошанд, то ин ки фирефтаи суханони ин гуруҳҳо нагарданд.

Баъдан маърӯза-презентатсияи донишҷӯи гурӯҳи 53-и курси 5-уми ФТ Олимов Сомон дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм» бо забони русӣ ба маърази тамошои аҳли нишаст пешниҳод карда шуд.

Мутасаддӣ оид ба тарбия -   Бобоева З. Р.

Мудири кафедра н.и.т., дотсент -   Саидмурадова Г. М.


05.10.2020     10

Гузариш ба саҳифаи: