Санҷиш гузаронида шуд

Санҷиш гузаронида шуд
Дар санаи 12 ноябри соли 2019 дар хобгоҳи №5 аз тарафи кормандони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона Алиев М.И. ва Салимов А.М. аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, санҷиш гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки донишҷуён дар утоқи барои тайёр намудани дарсҳо машғули дарстайёркунии дарсҳои амалӣ буданд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои ошёнаҳои №№1,2,3,4 ва ҳуҷраҳои хӯроктаёркунӣ, ҳуҷраи ташноб, аз назар гузаронида шудаанд ва ҳолати санитарии ҳуҷраҳоро қаноатбахш ҳисобида шудаанд.
Ҳуҷраҳои аз назар гузаронида гарм будаанд ва камбудиҳо оиди ҳолати санитарии онҳо дида нашуданд.
Баъдан, дар ошёнаи якӯм дар байни донишҷӯёни курҳои 1,2,3,4 оиди Рузи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он дар санаи 06.11.1994. ба қайд гирифта шуда ва ҳар сол рӯзи 06-уми ноябр онро ҳамчун рӯзи ҷашнӣ ба қайд мегиранд, сӯҳбат гузаронида шуд.
12.11.2019     79

Гузариш ба саҳифаи: