Пешгирии бемориҳои сироятӣ
Рӯзи 13-марти соли 2020 дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (пойгоҳи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим) ҳамоиш дар мавзӯъи «Пешгирии бемориҳои сироятии шадиди вирусии роҳҳои нафас, зуком ва аз он ҷумла сирояти коронавирусӣ дар шароити авҷи мавсимии ин бемориҳо» гузаронида шуд. Дар он: мудири кафедра дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М., муаллимаи калон Мамадярова М.Г, асистенти кафедра Исоева М.Ф , Алиев М.И, ординатори клинникии соли якуми хониши кафедра Абдураҳимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 5 факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 48-49) иштирок намуданд.
Мудири кафедра Саидмурадова Г.М. дар бораи тарзи дурусти истифодаи ниқоби тиббӣ маълумот дод. Баъдан, маърӯза аз тарафи донишҷӯи курси 5 факултети тиббӣ гурӯҳи 48 Ганчарова Мария бо намуди призентасия пешниҳод карда шуд. Дар маърӯза дар бораи Тавсифномаи ташкилоти умумҷаҳонии тандурустӣ оиди қоидаҳои пешгирии бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, зуком ва аз он ҷумла сирояти коронавирусӣ дар байни одамон ва дар бораи 5 қоидаи он сухан ронда шуд:
1.Риояи гигенаи шахсӣ
2.Тарзи муошират ва этикет
3.Пӯшидани ниқоби тиббӣ
4.Донистани аломатҳои бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, зуком ва аз он ҷумла сирояти коронавирусӣ
5.Агар аломатҳои ин беморӣ дар одам қайд шавад чӣ бояд кард?
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М
17.03.2020
1754