Миниконфронс оид ба терроризм
07.02.2020 дар пойгоҳи МТШ №1, бо иштироки кормандони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, донишҷӯёни курсҳои 5, факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 2,3) ва курси 6, факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 19,20,21,22,23,24,25) миниконфронс оиди мавзӯи: «Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон» гузаронида шуд.
Пеш аз презентатсияи маърӯза мудири кафедра, дотсент н.и.т. Саидмуродова Г.М. баромад карда қайд намуданд, ки аз сабаби он, ки ҷавонон ояндаи ҷамъият ба ҳисоб мераванд, паҳн кардани ақидаҳои гуногуни ифротгароӣ дар байни онҳо фаъолтар гардидааст. Аз ин сабаб, барои пешгирии ин гурӯҳҳое, ки фикру ақидаҳои барои инсоният зараровар доранд, бояд ҳамаи мо якҷоя мубориза бурда, тарзи ҳаёти солимро ташвиқу тарғиб намоем.
Баъд аз тамом кардани маърӯза бо намуди презентатсия аз тарафи донишҷӯ Холов Диловар, муаллими калони кафедра Мамадёрова М.Г. баромад карда қайд намуданд, ки инсон бояд ба дигар инсон зарар наоварад. Барои ҳамин, бояд бо якдигар бо меҳру оқибат муносибат намуда, дар аввал падару модари худ ва дигаронро ҳурмату иззат намояд. Конфронс ба иштирокчиён таъсири амиқ бахшид.
Мудири кафедраи бемориҳои сирояти кӯдакона н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М.
11.02.2020
251