«Конститутсия шаҳодатномаи миллат»

«Конститутсия шаҳодатномаи миллат»
Рӯзи 5-ноябири соли 2019 дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (пойгоҳи Маркази Тиббии Шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим) мини – конфрос бахшида ба ҷашни: «Конститутсия шаҳодатномаи миллат»
Дар аввали конфронс мудири кафедра дотсент н.и.т., Саидмурадова Г.М дар бораи аҳамиятнокии ин ҷашн сухан ронданд ва таъқид намуд, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25 соли қабули Конститутсия барқарор намудани сохтори конститутсионӣ ва инчунин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳқими худшиносоиву худхоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Баъдан аз тарафи донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ гурӯҳи 53( Чабборова Шахноза, Давлатов Меҳроб) ва курси 5 факултети тиббӣ грӯҳи 43 (Насриддинов Хусниддин) аз таьрихи конститутсия ва сохтори он дар забонҳои руссӣ ва тоҷикӣ призентасияҳои таёр намудаи худашонро баромад кардаанд (Аксҳо замима гардонида шудаанд).
Дар охири ин мини-конфронс муаллимаи калон Мамадярова М.Г аз номи худашон, ва аъзоёни кафедра ба донишҷӯён миннатдорӣ изҳор намуданд. Оиди ҷашни конститутсия сухан ронданд ва таъкид кардаанд, ки ба таври мунтазам баланд бардоштани сифати омодасозии табибони оянда, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, зарурӣ, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон истодаанд, кӯшиш мекунанд, ки бо шараф иҷро намоянд.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона,
дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М
08.11.2019     89

Гузариш ба саҳифаи: