Ифтихор аз Саразми бостон

Ифтихор аз Саразми бостон

Бахшида ба «Ифтихори Ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ» дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» миниконфронс баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедра дотсент, н.и.т., Саидмурадова Г.М., профессори фахрии донишгоҳ Рахматов Н.А., муаллимаи калон Мамадярова М.Г., ассистентони кафедра Комилов И.А., Чонибеки Р.И., Умарова Г.А., Бобоева З.Р., Маҷонова М.Ҷ., Исоева М.Ф., Додова М.Ҷ., ординатори клиникии соли дуюми таҳсил дар кафедра Абдурахимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 6-уми факултаи педиатрӣ (гурӯҳҳои 1 ва 2) ширкат варзиданд.

Дар оғоз мудири кафедра Саидмурадова Г.М. баромад намуда, оиди яке аз ёдгориҳои қадимтарани халқ тоҷик – Саразми бостонӣ суханронӣ намуданд.

 Баъдан донишҷӯи курси 6-уми факултаи педиатрӣ гурӯҳи 1 Махкамова Мунаввара бо маърӯза бо таври презентатсионӣ дар мавзӯи «Саразми бостонӣ» баромад карда, дар бораи кашфи Саразм, номгузорӣ ва санагузории он, ҳафриёт, таърих, сабабҳои таназзули Саразм ва  ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ суханронӣ намуд. 

Мудири кафедра н.и.т., дотсент -   Саидмурадова  Г. М.

Мутасаддӣ оид ба тарбия -  Бобоева З. Р.

05.10.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: