Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД)

Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД)
Дар санаи 17.10.2019 сол дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ҷаласаи Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) баргузор гардид. Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра аз 12 нафар иборат мебошанд, аз он ҷумла 6- нафари онҳоро донишҷуёни курсҳои 5 ва 6 ФП ва ФТ ташкил медиҳанд. Ба ҶИД-и кафедра профессори фахрии донишгоҳ Раҳматов Н.А. роҳбарӣ менамоянд. Дар равиши ҷаласа аъзоёни ҶИД – и кафедра бо ҳамдигар шиносоӣ карда шуда, ба онҳо роҳбари ҶИД –и кафедра оиди фаъолияти ҳамин ҷамъият маълумот доданд. Бо накшаи ҶИД-и кафедра, ки дар суратҷаласаи кафедра тасдиқ карда шуда буд, инчунин шинос намуданд. Аз рӯи нақша ба ҳамаи аъзоёни ҶИД-и кафедра мавзӯъхо оиди бемориҳои сироятии кудакона барои дар ҷаласаҳои минбаъда бо таври маърӯза баромад намудан супорида шуданд.
Мудири кафедра н.и.т., дотмент Саидмуродова Г.М.
24.10.2019     9

Гузариш ба саҳифаи: