Фаъолияти илмӣ

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра дар асоси талаботи давлатии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назардошти нишондодҳои беморӣ ва фавт дастурамалӣ омилҳои зардпарвинҳои вирусӣ ва сироятҳои рӯдавӣ (сирояти ротовитрусӣ, амёбиази рӯдаҳо, тифи шикам) гузошта шуд.
Аз соли 2008 бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии шӯъбаи илмии донишгоҳ дастурамалҳои илмии кафедра ба омӯзиши “Вараҷаи дар кӯдакон” равона карда шуданд. Оиди ин мавзӯъ дар замони ҳозира як диссертатсияи докторӣ ва як диссертатсияи номзадӣ иҷро шуда истодааст.
Кафедра фаъолияти илмиро бо ҳамроҳии клиника ва дошнишкадаҳои илмӣ-тадқиқотии номдори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ДИТ вирусологии ба номи Ивановский Д.И. АМН ССР, ДИТ Санкт-Петербург сирояти кӯдакона, маркази гепатологии Латвия –роҳбари марказ профессор Блюгер А.Ф ва ғ) ва Ҷумҳуриамон (ДИТ гастроэнерологияи АИ ҶТ, ДИТ вогиршиносӣ ва беҳдошти саломатӣ (ҳозира ДИТ пешгирии тиббӣ) мегузаронанд.
Кормандони кафедра иштирокчиёни съездҳои Умумишӯравӣ, Умумируссиявӣ сироятпизишкон, конференсияҳои сироятпизишкон, педиатрон иммунологон ва аллергологон, конференсияҳои оиди саволҳои вогиршиносӣ, муҳофизати муҳити атроф ва бемориҳои сироятӣ буданд. Кормандони кафедра ҳамасола дар конференсияҳои илмӣ-амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, конференсияҳои каноравӣ (вилоятӣ) илмӣ-амалии педиатрон, сироятпизишкон ва духтурони оилваӣ оиди саволҳои актуалии патологияи сироятҳои кӯдакона иштирок менамоянд.
Хулосаи гузориши тадқиқотҳои илмӣ дар асоси зиёда аз 950 мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳо, 58 дастурамалҳои методӣ 12 пешниҳоди расионализаторӣ, 1 рисолаи докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ ҷойгир гаштааст. Инчунин хулосаи фаъолияти илмии кафедра дар фаъолияти муассисаҳои муолиҷавӣ –пешгири Ҷумҳурӣ ва берун аз он, васеъ истифода бурда мешавад.
Тадқиқотҳои илмии кафедра якҷоя бо марказҳои пешбарандаи илмии ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд (Маркази Ҷумҳуриявии оид ба пешгирии бемориҳои тропикӣ ВТ ҶТ, маркази ҷумҳуриявии Омор, байналмилалӣ аркази гузориши вогиришиносии давлатии ВТ ҶТ, ДИТ тибби пешгирикунандаи ВТ ҶТ, ДИТ гастроэнтерологии ВТ ҶТ) ва ФР (ММА ба номи Сеченов – лабораторияҳои ҳолатҳои токсико-септикӣ, ДИТ иммунопатологии РАЕН, РУДН).
Кормандони кафедра дар конфронсҳои илмӣ –амалӣ, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он гузаронида шуда буданд фаъолона иштир мекнанд.
Аз конфронсҳои илмӣ –амалӣ ва Конгрессҳое, ки берун аз ҷумҳурӣ гузашта будаанд, бештар аҳамиятнок мебошанд:
• Конгресси Европа ва Осиёи Миёнагӣ оид ба бемориҳои сироятӣ (2011).
• Конгресси Ҳамасолаи Умумируссиягӣ оид ба бемориҳои сироятӣ (2009, 2011, 2012, 2013).
• Конгресси Ҳамасолаи Умумируссиягӣ оид ба бемориҳои сироятӣ дар кӯдакон (2009, 2013).
• Конфронси Байналмилалӣ оид ба бемории фалаҷ, Копенгаген (2010).
• Конфронси ТУТ оид ба коргардонии якҷоя ва ворид намудани эмгузаронӣ бар зидди сирояти ротавирусӣ, ш.Ереван (Арменистон) (2010).
• III Конгресси педиатрҳои давлатҳои собиқ шӯравӣ «Кӯдак ва ҷамъият: проблемаҳои саломатӣ, афзоиш ва ғизо», М. (2011).
Конфронси илмӣ – амалии Байналмилалӣ «Малака ва пешбарии афзиши маълумоти тиббӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна. Қарағанда (2012).
Мавзӯҳои илмии кафедра
Солҳои 1988 -1992 –Сирояти ротавирусӣ дар кӯдакони ҶТ
Солҳои 1993-1997 –Гепатитҳои вирусӣ дар қудакон дар ҶТ
Солҳои 1998-2002 –Домана дар кӯдакон дар ҶТ
Солҳои 2003-2007 –Амебиази рӯдавӣ дар кӯдакон дар ҶТ
Солҳои 2008 -2012 –Хусусиятҳои вараҷа дар кӯдакон дар ҶТ
Соли 2013 -то 2017-Сирояти ВНМО дар кӯдакон дар ҶТ
Соли 2018 -то ҳол –Бемории сулфакабутак дар кӯдакон дар ҶТ
Кормандони аввалаи кафедра, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти тиббӣ ва илмии худро давом медиҳанд асситентон ва дотсентони зерин мебошанд:
1. Аббасов А.И. – Сардухтури беморхонаи кӯдаконаи ш. Закантолы Ҷумҳурии Озербойҷон;
2. Бахриддинова М.А. - н.и.т., дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии донишкадаи тибби ш. Самарқанд;
3. Джонгирова Н.Г. – духтури ш.Закантолы Ҷумҳурии Озербойҷон;
4. Курилов А.Н. – Садухтури беморхонаи сироятии кӯдакони ш. Нагинск вилояти Маскав;
5. Мельниковская Е.В. – духтур дар ш. Липецк ФР;
6. Радилова (Гугель) Н.В. – дар Олмон;
7. Толстошеева (Курилова) Т.Ф.- муовини сардухтури ш.Нагинска вилояти Маскав ФР;
8. Скибо Р.М. к.м.н. – духтури беморхоани қудаконаи ш. Волгоград.
Олимони барҷастаи Руссия, ки дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ педагогии кафедра иштирок намуданд (докторантон ва апирантон):
Абидов М.Т. – д.и.т., профессор, мудири кафедари лабораторияи ҳолатҳои токсико-септикии АХТ ба номи Сеченов, директори ДИТ иммунопатологии АРИМ –консультанти илмии рисолаи номзадии Хоҷаева Н.М.;
Токмалаев А.К. – д.и.т., профессор, духтури хизматнишондодаи ФР (РУДН) –консультанти илмии рсолаи доктории Хоҷаева Н.М.;
Шахгильдян И.В. – аъзо - корр. АИТ ФР, д.и.т.., профессор (ДИТ вирусологии ба номи Ивановский Д.И. АИТ ФР ш. Маскав) –оппоненти мутассадии рисолаи номзадии Саидмурадова Г.М. ва дигарҳо, иштирок намудаанд.
Ҳолатҳои асосии корҳои илмӣ –тадқиқотии кормандони кафедра дар маҷалаҳои зерини илмии берун аз ҷумҳурӣ:
1. Маҷалаи “Паразитологияи тиббӣ ва бемориҳои паразитарӣ» ФР,
2. Маҷалаи «Инфектология», ФР,
3. Маҷалаи «Бемориҳои сироятӣ», ФР,
4. Маҷалаи «Вогиришиносӣ ва бемориҳои сироятӣ», ФР,
5. Маҷалаи « Архиви бемориҳои дарунӣ», ФР,
6. Маҷалаи «Паёми донишгоҳи Руссиягии дӯстии халқҳои»,
7. Маҷалаи “Тиб ва экология”,
8. Маҷалаи «Педиатрияи Қазоқистон»,
9. Монографияи «Қонунияти иммунопатогенетикии ҷараёни вараҷа дар кӯдакон», LAMBERT (Олмон).
28.01.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: