Ҷашни Артиши миллӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

Ҷашни Артиши миллӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

20 -уми феврал дар кафедраи бемориҳои кӯдакона бахшида 26 – умин солгарди Артиши миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Нахуст ассистенти кафедра Бадалова З.А. иштирокдоронро ба ҷашни мазкур табрик карда, таъкид намуд, ки ҷавонон ва насли ояндаи миллат бояд Ватанро содиқона дӯст доранд ва барои ҳифзу ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ Насруллозода Отахон доир ба таърих ва имрӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз ҷума қайд кард, ки: “Дар шароити вазнин бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд”.

Ҳамчунин барои ҷолибу хотирмонтар баргузор гардидани  маҳфил дар мавзӯҳои ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва миллатпарастӣ саҳначаҳо ба намоиш гузошта шуда, шеъру суруд ва суханони бузургон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, сулҳу суботи миллат баён гардид.

 

Г.С. Мамадҷонова, мудири кафедра

н.и.т., досент

М.Н. Ҳотамова, мутассадӣ оиди корҳои тарбия,

ассистент       

                                                                    

22.02.2019     332

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php