Ворисони Сино - Қаҳрамонони Ватан!

Ворисони Сино - Қаҳрамонони Ватан!

Дар кафедраи бемориҳои кудаконаи № 1 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯи “Ворисони Сино - Қаҳрамонони Ватан!” бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бакоев Ф.С. ва донишҷӯёни курси 6 ФТ гуруҳои 39,41.43 гузаронида шуд.

Дар аввали чорабинӣ мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамачонова Г. С. суханронӣ намуда, афзуд:- “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 81- солагии худро ҷашн мегирад. Зимни тафсири таърихи ДДТТ, бояд қайд кард, ки тибби мардуми тоҷик дорои таърихи бой аст ва сарчашмаи пайдоиши он ба давраҳои   қадим рост меояд. Ганҷинаи улуми тибби ҷаҳонро осори бузургмард он- табибони давраи қадим ва беш аз ҳама Абуалӣ ибни Сино (асрҳои 10-11) ғанӣ гардонидаанд. Бояд ин воқеияти муҳимро зикр кард, ки тамаддунҳои Шарқи қадимро   мероси бебаҳои инсон ғанӣ гардонидааст, зеро бе он таҳаввулоти минбаъдаи таърихи дунё, фаррҳанг, илм ва тибро   тасаввур кардан душвор аст.”

Сипас донишҷӯёни курси 6 Факултети тиббӣ гурӯҳи 41 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла Бобоев Меҳриллоҳӯҷа баромад карда, қайд намуд, ки “Пас таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) мушкилоти омӯзиши тиб ва вуҷуд омад. Аввалин экспедитсияи бузурги илмӣ ба Тоҷикистон дар соли 1930 омад, ки роҳбарии   онро профессор Е.М.Марсиновский аз Донишгоҳи марказии тропикӣ бар ӯхда дошт ва барои ташкили мубориза бар зидди бемории вараҷа равона шуда буд. Заҳмати шоистаи академик Е.Н.Павловскийро   қайд кардан   ҷоиз аст, ки ӯ якчанд экпедиқияҳои илмиро барои   омӯзиши   бемориҳои   паразитӣ дар Тоҷикистон пешбарӣ ва ташкил додааст. Ӯ   муасис ва роҳбари филиали Академияи илмҳои ИҶШ буд, ки соли 1941 дар Душанбе таъсис ёфтааст. Аввалин табиби тоҷик, мутахассиси бемории вараҷа, хатмкунандаи факултети тиббӣ Донишгоҳи Осиёи Миёна дар соли 1993, У. М. Муминов буд.”

Дар охир муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 

Мудири кафедра, н.и.т., досент         Мамадҷонова Г.С. 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент        Ҳотамова М.Н.

03.10.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: