«Терроризм ва экстримизм»

«Терроризм ва экстримизм»
Иштирок намуданд:: мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бақоев Ф.С. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 6 ФТ(гурӯҳҳои 19,21,23,25).
Санаи 21 декабр чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба мавзӯӣ «Терроризм ва экстримизм» гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ мудири кафедра н.и.т дотсент Мамадҷонова Г.С. суханронӣ намуданд, дар бораи “Чеҳраи модарон дар ҷаҳони терроризм ва ифротгароӣ. Дар ин барнома ба авзои феълии модарони ҷаҳон, ки идомадиҳандаи насли башар мебошанд ошнот хоҳед гашт. Дар курраи замини хокии мо , ки имрӯз дар зери сояи озору азият аст, сокинони ҷаҳон шоҳиди хабарҳои даҳшатборе ҳастанд, ки ин ахбори ғамангез дар фазои зиндагии модарон камин гирифтааст. Оё модарон ҷинояткору гуноҳгоранд? Оё омили аслии поймолии ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар кишварҳои парешону ҷангзада ин марбут ба дахолати бегонагон ва фармонравии терроризм ва қатлу куштор ва ё надонистани ҳақ аз ботил аст?Инҳо суолҳое ҳастанд, ки бояд ҳар як сокини ҷахон дар кӯчаву пасткӯчаҳои зиндагии диниву дунявӣ чавобҳои онро ҷустуҷӯ намояд. Дар охир мудири кафедра Мамадҷонова Г.С. қайд намуданд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Донишҷӯёни курси 6 ФТ гурӯҳи 23 бо маърӯзаҳо оиди ин мавзӯи муҳим баромад намуданд . Инчунин саҳначаҳои тайёр кардаашонро ба тамошобинон пешкаш намуданд.
Дар охир аз тарафи муаллимон ва донишҷҷӯён баҳзу мунозира шуд, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
24.12.2019     190

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php