ТАШРИФИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ КУДАКОНАИ №1 БА ХОБГОҲИ №5.

ТАШРИФИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ КУДАКОНАИ №1 БА ХОБГОҲИ №5.
Санаи 2-уми январи соли 2020 муаллими калонӣ кафедра Самиева Н.Ш . дар хобгоҳи №5 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буданд. Дар ваrти ташриф дар хобго{ донишxeён баъд аз та{сил {озир буданд. Қисми донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Қисми дигарашон ба тайёр намудани хӯроки шом машғул буданд. Дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит ҳаст, аммо китобхонаи электронӣ нест. Донишҷӯён аз китобхона китобҳои заруриашонро гирифта дарс тайёр мекунанд. Бо донишҷӯён дар мавзуи “Нақши аҳли зиё дар рушди ҷомеа” сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавӯъ баён намуданд. Дар навбати худ бо духтарони хобгоҳ оиди одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, тарзи дурусти либоспӯшӣ сӯҳбатҳо ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд гузаронида шуд. Дар ошёнаи дуюм на ҳамаи плитаҳои хӯроктайёркунӣ кор мекарданд. Аз коменданти хобгоҳ муроҷиат карда шуд, ки таъмир намоянд. Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд. 
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С. 
 Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.
08.01.2020     266

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php