ТАШРИФИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ КEДАКОНАИ №1 БА ХОБГОҲИ №4

Санаи 6-уми ноябри соли 2019 профессори кафедра Аминов Х.Ҷ ва ассистенти кафедра Намозов Д.Б дар хобгоҳи №5 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буданд.
Дар вақти ташриф дар хобгоҳ донишxeён баъд аз таҳсил ҳозир буданд. Қисми донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Қисми дигарашон ба тайёр намудани хўроки шом машғул буданд.
Дар рафти навбатдорӣ профессори кафедра Аминов Х.Ҷ ассистенти кафедра Намозов Д.Б бо донишҷўён шинос шуда, дар якҷоягӣ ҳуҷраҳои зисти онҳо аз назар гузаронида шуд. Дар ошхона, хонаи зист, ҳоҷатхонаю ҳаммом шароит муҳайё карда шудааст. Дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит ҳаст. Донишҷўён аз китобхона китобҳои заруриашонро гирифта дарс тайёр мекунанд. Дар хобгоҳ барои донишҷӯён ҳатто ошхонаю мағоза кушода шудааст.
Дар навбати худ бо духтарони хобгоҳ оиди одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, тарзи дурусти либоспўшӣ сӯҳбатҳо ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд гузаронида шуд.
Дар ошёнаи дуюм на ҳамаи плитаҳои хўроктайёркунӣ кор мекарданд. Аз коменданти хобгоҳ муроҷиат карда шуд, ки таъмир намоянд.Инчунин дар ошёнаи дуюм, ки писарон истиқомат мекунанд, на ҳамаи ҳуҷраҳо тозаю озода буданд.Бо писорон оиди тоза нигоҳ доштани ҳуҷраҳо сўҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.
22.11.2019     192

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php