Ташриф ба хобгоҳи № 1

Ташриф ба хобгоҳи № 1

Санаи 14-уми октябри соли 2020 ассистенти кафедра Шарипов Зокир дар хобгоҳи №1 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буданд.

Дар вақти ташриф дар хобгоҳ донишҷӯён баъд аз таҳсил ҳозир буданд. Қисми донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Қисми дигарашон ба тайёр намудани хӯроки шом машғул буданд.

Дар рафти навбатдорӣ бо донишҷӯён шинос шуда, дар якҷоягӣ ҳуҷраҳои зисти онҳо аз назар гузаронида шуд. Дар ошхона, хонаи зист, ҳоҷатхонаю ҳаммом на ҳама шароит муҳайё карда шудааст (дар ошёнаи писарон яхдон ва мошина ҷомашуи нест, ҳуҷраи ҷомашуӣ ва ҳаммом дар як ҳуҷра, майдонча дар назди бино нест, дар ҳуҷраҳо лампаҳо якто ҳастанд, ки равшанӣ кам медиҳад). Дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит ҳаст. Дар хобгоҳ барои донишҷӯён мағоза кушода шудааст.

Бо донишҷӯён дар мавзуи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Вазифаи донишҷӯён дар назди давлат ва ҷомеа” сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавӯъ баён намуданд.

Дар навбати худ бо духтарони хобгоҳ оиди одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, тарзи дурусти либоспӯшӣ сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.

Мудири кафедра н.и.т., досент    Мамадҷонова Г.С. 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ       Ҳотамова М.Н.

16.10.2020     2

Гузариш ба саҳифаи: