“Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Рӯзи 5 ноябр ассистенти кафедра Валиев М.Н. бо донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 54 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба 25 солагии рӯзи Конститутсия гузаронида шуд. Дар аввал муаллими кафедра Валиев М.Н. каме аз таърихи ин ҷашнвора ба донишҷӯён маълумот доданд.
Донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, қайд карданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Донишҷӯён дар баромади худ аз суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон порчаҳо гуфта гузаштанд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
08.11.2019     233

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php