Пешгирии COVID19

Пешгирии COVID19

Санаи 10 октябри    дар кафедра чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Пешгирии COVID19 !” бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бакоев Ф.С., инчунин донишҷӯёни курси 4 ФТ гуруҳои 56,57,58,59,60 4 ФП 5 ва 6 гузаронида шуд.   Дар аввали чорабини профессори кафедра Аминов Х.Ҷ   каме маълумот доданд, “Коронавирусҳо як оилаи калони вирусҳои РНК дорро ташкил мекунад ки дар одамон ва ҳайвонот бемориҳои гуногуни роҳҳои нафасро ба вучуд меоранд. То соли 2002 коронавирусҳоро ҳамчун барангезандаи   бемориҳои сироятии роҳҳои нафаси равишашон сабук ва миёна ба ҳисоб мерафтанд вале баъди паҳн шудани вируси нави SARS-CoV ки ба оилаи коронавирусҳо дохил мешуд боиси нигаронии олимон гашт. Роҳҳои гузаришаш аз одам ба одам тариқи ҳавои-қатрагӣ (ҳангоми сулфа кардан, атса задан, гап задан) ва муносибатҳои маишӣ ба амал меояд. Давраи инкубатсионии вируси 2019-nCoV   аз 2 то 14 рузро ташкил карда ба ӯ аломатҳои зерини клиникӣ хос ҳаст: баландшавии ҳарорати бадан ,сулфаи хушк, нафастангӣ, миалгия ва бемадорӣ.

Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 57 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Мукумов Сарварчон   бо презентасия баромад намуда, қайд намудан, ки “Паҳншавии ин беморӣ боиси нигаронии ҷамъияти ҷаҳонӣ гаштааст, аз он ҷумла да Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин бемори аз ҷониби мақомотҳои дахлдор чорабиниҳои зарурӣ гузаронида шуда истодаанд. Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ тавсияҳо ва дастурамалҳоро пешкаш намуданд.”

Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Мудири кафедра н.и.т., досент      Мамадҷонова Г.С.    

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент     Ҳотамова М.Н.

10.10.2020     9

Гузариш ба саҳифаи: