“Педиатрия –самти мустақили соҳаи тандурустӣ”

“Педиатрия –самти мустақили соҳаи тандурустӣ”
Иштирок намуданд: Иштирок доштанд: ассистенти кафедра Ҳотамова М.Н., муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. ва донишҷӯёни бахши 4 ФП (гурӯҳҳои 1 ва 2 ).
Санаи 18 декабри соли 2019 дар кафедра чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “ Педиатрия” гузаронида шуд. Дар аввали ин чорабинӣ дотсенти кафедра Ҳотамова М.Н. оиди “Педиатрия –самти мустақили соҳаи тандурустӣ” каме маълумот доданд. Педиатрия –самти мустақили соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, хусусиятҳои синну соли ташаккулёбӣ, афзоишу инкишофи кӯдакро, бемориҳои кӯдаконаро ва инчунин, масъалаҳои ташкил намудани нигоҳубинӣ аз рӯи кӯдакони солим ва беморро меомӯзад.
Табиб – педиатр бояд, ки соҳиби шумораи бештари қофии донишҳои тахассусию ихтисосӣ, таҷрибаи махсус бошад ва меъёрҳои гуногуни афзоишу инкишофи кӯдакро аз тамоили ғайримеъёрӣ фарқ карда тавонад.
Сипас донишҷӯ гурӯҳи 1 ФП бо призентатсия баромад карданд ва кайд намуданд, ки :” Муваффакияти комили асосӣ дар табобати бемориҳои кӯдакона ин муносибати кастиятӣ, истифода бурдани усулҳои технологии пешрафтаи баланди ташхисӣ ва табобатӣ, рафтору муомилаи бавариноку ботамкин байни табибон, падару модар (волидайн) ва кӯдак мебошад.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
19.12.2019     11

Гузариш ба саҳифаи: