Омӯхтани илм беҳ аз ҳар гуна ибодат

Омӯхтани илм беҳ аз ҳар гуна ибодат

Санаи 21.01.2019 ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 Бадалова З.А. бо донишҷӯёни курси 6 факултаи тиббӣ гурӯҳи 19    чорабинӣ оид ба “Омӯхтани илм беҳ аз ҳар гуна ибодат” гузаронида шуд.  

Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Бадалова З.А. баромад намуда, дар бораи “илм” ва “ҳар гуна ибодат” дар алоҳидагӣ маълумот пешкаши шунавандагон намуданд.

Маърӯзачӣ донишҷӯи курси 6, гурӯҳи 19 Шоҳмаҳмадов Достон дар баромади худ чунин суханҳо гуфт:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Касе, ки дар кӯдакӣ чизе наёмӯзад, дар бузургӣ наметавонад бузургӣ кунад.

Илм соҳаи фаъолияти одамият, ки бо корҳои зерин алоқаманд аст: ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, дараҷабандӣ, таҳлил, паҳн кардан, интиқол ва истифодабарии маълумот, сохтан ва ё беҳтаргардонии назарияҳо, ки имконияти дурусти фаҳмондани гардиши табиатро (илмҳои табиӣ) ва ё ҷамоатро (фанҳои ҷамъиятӣ) медиҳад ва ояндабинии онро имконпазир месозад.

Чӣ хеле, ки ҳамагон медонем гузаштагони мо шахсиятҳои илмдону маърифатпарвари замони худ будаанд. Воқеъан илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшании олами фонист.

      Донишҷӯён якчанд шеър доир ба мавзӯи илм, маърифат қироат намуданд.

25.01.2019     1026

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php