Мавзӯи баҳс: Коронавирус

Мавзӯи баҳс: Коронавирус
Санаи 24 феврали соли 2020 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Коронавирус ” гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Бадалова З. А суханронӣ намуда аз ҷумла қайд карданд, ки аз рӯи маълумоти ТУТ дар ҷаҳон сеюм ҳолати сироятёбии вируси нав Коронавирус 2019 ( аввалин маротиба 12 декабри соли 2019), дар Хитой , Тайланд, Япония, Кореа ва ШМА ба мушоҳида мерасад. ВТ ва ҲИА-и ҶТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута ҳар замон барои ошкор ва пешгирии бемории сироятии Коронавирус тамоми тарбирҳои заруриро меандешанд ва хушбахтона то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудаааст.
Сипас донишҷӯёни курси 3, ФТ гурӯҳҳои 3 ва 4 бо презентатсия баромад намуда, оиди аломатҳои асосии беморӣ маълумот доданд: Таби баланди бадан 90% ҳолат, сулфа ( хушк, бо миқдори ками балғам) дар 80% ҳолат , ҳис кардани фишор дар қафаси сина , нафастангӣ, миалгия.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.

27.02.2020     116

Гузариш ба саҳифаи: