ГУЗОРИШ

ГУЗОРИШ
Дар санаи 28.12.2019 донишҷӯёни гурӯҳи 1-уми курси 4 факултаи педиатрӣ таҳти роҳбарии муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. дар кафедра чорабини оид ба бемориҳои сироятие, ки бо об паҳн мешаванд, гузаронида шуд. Дар чорабини гурӯҳи 2-ми курси 4-и факултаи педиатрӣ бо якҷоягии асситент Ҳотамова М.Н. низ иштирок доштанд. Сараввал муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. дар баромадашон қайд намуданд, ки оби тоза барои ҳаёт ва инкишофи тамоми мавҷудоти зинда ниҳоят муҳим аст, аммо афсӯс, ки сол аз сол бо мурури замон ҳаҷми оби нӯшоки кам шуда истодааст. Бинобар ин дар баробари истифодаи оби ифлос дар баъзе минтақаҳо бемориҳои сироятии бо воситаи об паҳншаванда зиёд шуда истодаанд. Донишҷӯи гурӯҳи 1 – ум Азими Маҳфузуллоҳ дар ин мавзӯъ презентатсияи пурмазмун ва зебое пешниҳод намуда, доир ба ин масъала марӯъзаи омода сохтаашро ба диққати ҷамъомадагон расонид. Дар маърӯзааш оиди чанд бемориҳои сироятии ба монанди холера, салмонеллёз, шигеллёз, дизентерия ва дигарон ба донишҷӯён маълумоти пурра дод. Баъдан дар муҳокимаи оиди чораҳои пешгирии ин бемориҳо донишҷӯён фикру ақидаҳои худро пешниҳод карданд. Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 
 Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С. 
 Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
30.12.2019     326

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php