ГУЗОРИШ

ГУЗОРИШ
Иштирок намуданд: ассистентӣ кафедра Бадалова З.А., ва донишҷӯёни курси 6 ФТ (гурӯҳҳи ). Санаи 7 январӣ соли 2020 дар кафедра чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Масъулияти падару модар дар тарбияи насли ояндасоз” гузаронида шуд. Дар аввали чорабини ассистенти кафедра Бадалова З.А. қайд намуданд , ки “Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд,маърифатнок намудани ӯ дар руҳияи муҳаббат ба ҳалқу Ватан, бундкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеъа вазифаи ҳар яки мо шаҳрвандон мебошад. Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таъриҳӣ бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамадуни давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зис алоқаманд мебошад. Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташакули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қрнун ва чӣ аз назари маърифати исломи воҳиди асосии иҷтимо буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Сипас донишҷӯёни курси 6 ФТ гурӯҳи бо маърӯзаҳо оиди ин мавзӯи бо презентатсия баромад намуданд Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад, ки ин қонун 2-юми августи соли 2011 таҳти рақами 762 қабул карда шудааст.Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ умумибашари ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои фарзанд мебошад. Ин қонун таӯозои ҷомеа ва замон буда он барои таълиму тарбияи фарпзанди комил таҳқими сармояи зеҳни баланд бардоштани масъулият мебошад. Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С. 
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
08.01.2020     376

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php