Этика ва деонтологияи табиби кӯдакона

Этика ва деонтологияи табиби кӯдакона

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Этика ва деонтологияи табиби кӯдакона” бо иштироки муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. ва донишҷӯёни ФП гуруҳи 6-уми  курси 4,  баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ муаллими калони кафедра Самиева  Н.Ш. маъруза намуда,афзуд: “ Кори  табиби кӯдакон  мушкил аст ва  ҳусусиятҳои  ба худ хос  дорад. Кӯдак ҳангоми  беморӣ  нихоят нозук ва ҳассос  мешавад. Аз ин лиҳоз  духтурро зарур аст, ки  ба рафтору  гуфтори хеш ахмияти калон дихад”

Донишҷӯ Ваҳобова Маҳина  дар  маърӯзаи худ як қатор қоидаҳои рафтору  гуфтори духтури педиатро  қайд  намуд.  Духтур бояд бо кӯдак муомилаи нарм дошта бошад, то ин ки  кӯдак нисбати духтур тарс пайдо накунад. Яке аз муҳимтарин хислатҳои табиб нармгуфторӣ ва меҳрубонӣ аст, ки ба хубӣ нишон дода тавонистани ин ҳиссиёт барои табибон ҳатмист.

Тариқи саволу ҷавоб устодону  донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Мудири кафедра н.и.т., досент       Мамадљонова  Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент    Ҳотамова М.Н.

16.10.2020     7

Гузариш ба саҳифаи: