Боздид аз хонаи кӯдакони №2

Боздид аз хонаи кӯдакони №2
Санаи 01.10.2019 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. ва донишҷӯён аз хонаи кӯдакони №2 боздид намуданд.
Директори ин марказ пас аз истиқбол ашёву ғизоҳои овардаро аз назар гузаронида, моро ба назди кӯдакон бурд. Дар хонаи кӯдакон ҳамагӣ 86 кӯдак будаанд, ки 50 нафарашон аз хориҷи кишвар ҳастанд. Кӯдакон вобаста аз синну солашон ба гурӯҳҳо тақсим карда шуда ва дар ҳар гурӯҳ 5 – 6 нафар ҷой дода шудаанд. Мо аз шароити зисти кӯдакон бархурдор гаштем, бо кӯдакон сӯҳбат намудем.
Аз тарафи мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. ва донишҷӯёни кафедра ба кӯдакон шириниву бозичаҳо, либосҳо, барои кӯдакони то як сола шири сунъӣ, уребчаҳо, сачоқчаҳои намнок, малҳаму собунҳо, шампун, зарфҳои хурди ширгирӣ тақдим карда шуд. Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт.
Дар ин хонаи кӯдакон маркази дастгирии оила мавҷуд аст, ки онҳо асосан бо кӯдакони маъюб машғулиятҳои ҷисмонӣ, мусиқитерапия, тандармонӣ ва дигар намуди машғулятҳо мегузаронанд. Афсус ,ки аз тарафи маъмурияти хонаи кӯдаконаи №2 барои аксбардори бо кӯдакон иҷозат дода нашуд.
Намояндагони ин марказ барои ташриф миннатдории худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
02.10.2019     9

Гузариш ба саҳифаи: