1 – уми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

1 – уми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ҷаласаи кормандони кафедра бо ҳузури мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бақоев Ф.С. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни курси 4-и факултаи тиббӣ (гурӯҳҳои 40,41,4243,46) баргузор шуд. Дар он муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки 17-уми августи соли ҷорӣ мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш бо ишора ба суханронии Президенти кишвар қайд намуд, ки Президенти муҳтарам чунин суханрони карданд: “Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд. Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст”.
Донишҷӯён ва муаллимон низ бо бардоштани тассуроти нек аз суханронии Президенти кишвар, фикру мулоҳизаҳои худро дар ин маврид баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
19.08.2020     2406

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php