Семинар дар мавзӯи «Осебҳои қафаси сина»
9 ноябри соли 2019 дар толори калони кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2, семинар дар мавзӯи «Осебҳои қафаси сина» баргузор карда шуд. Дар рафти семинар аспирантон, ординаторони клиникӣ ва интернҳо иштирок доштанд. Оиди паҳлуҳои муҳими мавзӯъ н.и.т, дотсент Рашидов Ф.Ш. ба ҳозирин маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар охир саволу ҷавоб оиди мавзӯи мазкур ба миён омад, ки аз ин аҳли толор ғизои илмию таълимӣ барои худ гирифтанд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2
13.11.2019
393