Ҷамъомад бахшида ба ҷашн
21 феврали соли 2020 дар толори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 бахшида ба 27- умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир карда шуд. Дар рафти ҷамъомад донишҷӯи курси 5- уми факултети тиббӣ оид ба кору фаъолияти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва саҳми он дар амнияти кишвар маъруза намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу оромӣ ва пешрафту осоиштагӣ ҳар як миллат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳи он вобастагии калон дорад.
М.Х. Маликов, кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2
22.02.2020
370