“Гузоштани дарзи рагӣ дар шоҳраг бо истифидаи техникаи микроҷарроҳӣ” дар ОМИТ

   “Гузоштани дарзи рагӣ дар  шоҳраг бо истифидаи техникаи микроҷарроҳӣ” дар ОМИТ

Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ дар ҳамкорӣ бо кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 барои аъзоёни “Ҷамъияти илмии донишҷӯён” (донишҷӯёни курси V-ум, 12 нафар) баъд аз азхудкунии ќисми назариявии мавзӯи “Тромбоз ва эмболияи шоҳраг ва шараёнҳо” аз тарафи ассистентҳои кафедра н.и.т.Камолов А.Н ва н.и.т. Файзуллоева М. “Гузоштани дарзи рагӣ дар шоҳраг” дар ҳайвонотҳои озмоишӣ нишон дода шуданд. Баъд аз гузаронидани лапаротомия (кушодани ковокии шикам) бартарафкунии узвҳои ковокии шикам шоҳраги шикам ёфта шуда, аз 2 тараф бо дорандаҳои раг (клипсҳо) шоҳраги шикам бурида шуд. Бо истифодаи риштаи атравматикии пролен 6,0 шоҳраги шикам барќарор карда шуд. Ҳангоми ҷарроҳи асбобҳои махсуси микроҷарроҳӣ ва риштаҳои атравматикӣ истифода бурда шуданд. Баъд аз азхудкунии техника дар оянда аз тарафи донишҷӯён мустаќилона ин амалиётҳо гузаронида мешаванд.

16.01.2019     440

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php