Об барои рушди устувор

Санаи 07.10. соли 2020 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гуфтугузор дар бораи оби тоза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шуда гузашт.

Сухани ифтитоҳиро доир ба оби тоза ва НБО Роғун мудири кафедра д.и.т. профессор Мустафкулова Н.И. гузаронид.

Баъдан омӯзгори калони кафедра Шарифов М.М. дар бораи даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” ба шунавандагон маълумот дод.

Инчунин донишҷӯи курси 6 факултети тиббӣ Ашрапова Манижа ва Саидахмадов Зафар маълумот дар бораи НБО-и Роғун – умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик ва оби тоза омили пешгиркунандаи бемориҳои сироятӣ гуфта гузаштанд.

Ҳамзамон филм дар бораи НБО-и Роғун ба бинандагон гузошта шуд.  

Мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 Мустафакулова Н.И.

09.10.2020     10

Гузариш ба саҳифаи: