КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА

Аз соли 1998 то соли 2004 дар кафедра КИТ дар мавзӯи «Больничная гигиена и эпидемиология» гузаронида шуда буд, ки зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳо дар маҷаллаҳои дохил ва берун аз кишвар ба чоп расидааст. 5 дастури методӣ аз тарафи ВТ ва ҲИА ҶТ тасдиқ шуда, 4 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.
Аз соли 2005 то соли 2010 дар кафедра КИТ дар мавзӯи «Влияние окружающей среды в Республике Таджикистан на общественное здоровье» коркард карда шудааст, аз рӯи ин мавзӯъ зиёда аз 50 кори илмӣ ба чоп расида, 3 тавсияҳои методӣ тасдиқ шудааст. Инчунин, 3 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шудааст.
Солҳои 2011-2017 кафедра КИТ-ро дар мавзӯи «Разработка комплекса мероприятий по санитарной охране водоемов Республики Таджикистан» ва «Совершенствование санитарно-гигиенических мероприятий по обеспечению безопасного водопользования в Республике Таджикистан» ба роҳ монда, аз рӯи мавзӯъҳои номбар шуда, зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳо, 3 ҚМС ва 2 дастури методӣ чоп карда шудааст. 1 рисолаи докторӣ ва 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст. Инчунин, дар натиҷаҳои тадқиқотҳои гузаронидашуда кафедра соҳиби 2 патент гаштааст:
1. Патенти хурд № ТJ 450 аз 02.09.2011 «Индивидуальная биогазовая установка».
2. Патенти хурд № ТJ 457 от 26.09.2011 «Способ утилизации (обработки) бытовых стоков в сельской местности».
Оғоз аз соли 2018 то инҷониб КИТ-и кафедра дар мавзӯи «Разработка комплекса мероприятий по улучшению питьевого водообеспечения населения ГБАО ва Хатлонской области Республики Таджикистан» ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи ин мавзӯъ зиёда аз 10 мақолаву фишурда, 2 дастури таълимӣ-методӣ чоп шуда, 2 докторанти PhD тайёр карда шудаистодааст.
Дар кафедра аҳамияти зиёд ба ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дода мешавад, ки дар маҳфили олимони ҷавонӣ кафедра зиёда аз 10 донишҷӯёни курсҳои 3-6 аъзо буда, дар мавзӯҳои гуногун корҳои илмӣ мебаранд. Ҳамасола аз номи кафедра дар конфронсҳои донишгоҳ ва конфронсҳои байналмиллалӣ аз 6 то 10 донишҷӯ иштирок ва корҳои илмӣ-тадқиқотии худро ироа менамоянд.
Кормандони кафедра дар кори 4 конфронси байналмиллалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ ва 10 конфронси МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» иштирок намудаанд. Дар конфронс нашрияҳои тезисӣ ба чоп расида шудааст. Ҳамаи дастурамалҳо ва пешниҳодҳои методикӣ дар таҷрибаи тандурустӣ ворид карда, истифода шудаистодаанд, ки нисбати ин амал санадҳои воридотӣ тартиб дода шудааст.
Барои гузаронидани тадқиқот ва ҷамъоварии маълумот дар кафедра ассистентони кафедра, донишҷӯёни курсҳои 5-6 ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд.
Дар ҷаласаҳои кафедра ҳар сол саволҳои кори илмию тадқиқоти муҳокима карда мешавад.
30.01.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: