Фаъолияти омӯзишӣ

Корҳои омӯзишӣ кафедра
Мақсади дарсгузаронии беҳдошт асоси ташаккули дониши кормандони соҳаи тиб ҳамчун илми асосӣ дар фаъолияти тахассусии онҳо алоқамандии бевосита дорад. Фанни мазкур асосҳои беҳдошт ва вазифаҳои он, мафҳуми пешгирии самти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, зарурати мақсадноки амалии ба таври васеъ гузаронанда дар мамлакати мо оид ба чорабиниҳои таъминоти санитарию эпидемиологии вазъи некуаҳволии аҳолиро ошкор менамояд. Саволҳои асосии беҳдошти умумӣ ва хусусиро дарбар мегирад. Дар қисми беҳдошти умумӣ масъалаҳои мубрами муҳити зист ва экологияи одам (беҳдошти муҳити ҳаво, об, хок, ғизо, инчунин беҳдошти меҳнат, токсикология ва ғ.), меъёрҳои беҳдошти хусусӣ ва талаботҳо барои нигаҳдорӣ ва истифодабарии хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои табобатию пешгирикунанда ва дорухонаҳоро инъикос менамояд. Масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва риояи қоидаҳои бехатарии кормандон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷойи махсусро ишғол менамояд.
Дар кафедра донишҷӯёни курси 3 ва 4-ми факултети тиббӣ ва педиатрӣ, курси 3-ми факултети стоматологӣ, фармасевтӣ ва бакалаврҳо таҳсил мекунанд. Бояд қайд намуд, ки таъсили донишҷуён бо забонҳои давлати, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр он, дар кафедра магистрон ва докторантҳои PhD таҳсил мекунанд.
Фаъолияти омӯзишӣ-методӣ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорони ка-федра дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факул-тетҳо коркард карда шудааст. Дар солҳои охир кормандони кафедра доир ба фанни беҳдошт ва экология курси лексияҳои нав, барномаҳои амалкунандаи нав барои донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, курси 3-уми стоматологӣ ва фармасевтӣ, инчунин, курси 2-юми бакалаврҳо бароварда шудаанд. Барномаҳои мазкур бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мувофиқи Стандарти давлатии маориф тартиб дода шудаанд.
Дар он мақсад ва масъалаҳои фан, дараҷаи азхудкунӣ, санҷиши сатҳи дониш, нақшаҳои тақвимию мавзӯӣ, лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён, вобаста ба системаи кредитии омӯзишӣ тартиб дода шудаанд.
Дар муддати 5 соли охир 4-дастурҳои таълимӣ, 16 коркарди таълимӣ, презентатсияҳо ба ҳамаи мавзӯъҳои лексиони барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва бакалаврҳо бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ таёр карда шудааст. Барои донишҷӯёни факултети тиббӣ ва педиатрӣ 800 саволи тестӣ ва 200 саволи экзаменатсиони бо 3 забон, инчунин 600 саволҳои тести ва 130 саволи экзаменатсиони барои донишҷӯёни факултети стоматологӣ ва фармасевти (бо забони давлати ва русӣ) таёр карда шуд.
02.03.2020     25

Гузариш ба саҳифаи: