Фаъолияти илмӣ

Мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра “Хусусиятҳои генетикии сактаи майнаи сар ва бемориҳои ирсии системаи асаб” мебошад, рақами бақайдгирӣ: 0116ТJ00591. Дар муддати солҳои 2016-2020 аз тарафи кормандони кафедра дар мавзӯи бемориҳои ирсии системаи асаб тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Дар рафти тадқиқоти бемориҳои дар боло зикршуда усулҳои муосири ташхисот, ба монанди ТМР ва ТК мағзи сар, муайян кардани биомаркерҳои шаклҳои ирсии сактаҳои мағзӣ, рискометри сактаҳои мағзӣ истифода карда мешавад. Дар моҳҳои март ва сентябри соли 2019 дар доираи лоиҳаи илмии кафедра ва дар асоси шартномаи байни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва коллеҷи Донишгоҳии Лондон омадани олимони асабшинос профессор Генри Холден ва докторант Рауан Кайиржанов ташкил карда шуд. Мақсади асосии боздиди мутахассисони хориҷӣ омӯзиши бемориҳои ирсии системаи асаб дар популятсияи Тоҷикистон аз нуқтаи назари эпидемиологӣ ва молекулярӣ-генетикӣ мебошад. Бо иштироки мутахассисони номбаршуда семинар дар мавзӯи «Никоҳи хешу таборӣ ва оқибатҳои он» дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Конибодом гузаронида шуд; муоинаи беморон бо бемориҳои ирсии системаи асаб, ҷамъоварии хуни беморон барои тадқиқоти минбаъдаи молекулярӣ-генетикӣ, ҳамчунин гирифтани намунаи биоптати мушакҳо гузаронида шуд.
05.02.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: