Як рӯзи фаъолияти кафедраи анатомияи патологӣ
Мувофиқи талаботи Стандартҳои давлатии таҳсил дар мактабҳои олӣ, Низоми кредитии таҳсил ба донишҷӯён дар қатори омӯзиши дарсҳои амалӣ, инчунин малакаҳои амалӣ аз фанҳои мухталиф омӯхта мешаванд. Дар кафедраи анатомияи патологӣ мувофиқи барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи факултетҳо ғайр аз кори мустақилона, боз ба омӯзиши малакаҳои амалӣ низ диққат дода мешавад. Донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои патоморфологии шаҳраки “Шифобахш”, маҷмаи “Истиқлол”, морги тибби судӣ ҳангоми гузаштани машғулиятҳои амалӣ бо равиши кор шиносоӣ пайдо мекунанд. Дар таърихи 18 ноябри соли ҷорӣ донишҷӯёни гуруҳи 3 юми факултаи тиббӣ ҳангоми аутопсияи ҷасад дар ҷасадхона (дар акс) иштирок намуданд.
Донишҷӯёни гурӯҳи 3-юм, курси 3 бо устод Мавлонов М. А.
Мудири кафедра н.и.т., дотсент Шарипов Х.Ю.
22.11.2019
406